Тоҷикистон – ҶХД Корея – 1:1

Тоҷикистон – ҶХД Корея – 1:1
29-уми феврал вохўрии 6-уми даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея баргузор шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 23 ҳазор тамошобин доир гардид.
Дастаи Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси босниягӣ Кемал Алиспахич ба ҳайати зер ба майдон баромад: Алишер Тўйчиев, Даврон Эргашев, Соҳиб Сувонқулов, Алексей Негматов, Фарҳод Восиев, Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов (капитан), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров.
Бозиро ҳайати доварон аз Қатар бо роҳбарии Муҳаммад Банҷар Ал-Досарӣ ҳакамӣ карданд.
Бозӣ дар қисми якум бо бартарии тарафҳо гузашт. Капитани Тоҷикистон дар ин қисм корти зард гирифт. Қисми дуюм бо голи меҳмонон оѓоз шуд. Дар дақиқаи 54-ум муҳофизатгари Тоҷикистон Фарҳод Восиев дар ҷаримагоҳ қоидаи бозиро вайрон кард. Меҳмонон аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро кушоданд. Муаллифи гол — Сонг Хйок.
Дар дақиқаи 62-юм ҳуҷумкунанда Аҳтам Ҳамроқулов голи аввалини дастаи Тоҷикистонро дар даври интихобии МҶ-2014 зад! Дар дақиқаи 73-юм Фатҳулло Фатҳуллоев имкони голзаниро аз даст дод.
Ин вохўрӣ бо ҳисоби мусовӣ – 1:1 ба охир расид. Ҳарду даста якхолӣ ба даст оварданд. Ин аввалин холи Тоҷикистон дар вохўриҳои интихобии МҶ-2014 аст. Бояд гуфт, ки сармураббии нави дастаи Тоҷикистон аввалин вохўрии расмиашро мусовӣ анҷом дод.

Браво, ЦСКА!

Браво,ЦСКА!

Дирўз бозии байни дастаҳои ЦСКА «(Маскав) ва «Реал» (Мадрид) баргузор шуд. Дар майдони сунъии Лужники дар ҳавои сард Роналду ва ҳамдастаҳояш аз имтиҳони сахте гузаштанд. Бо вуҷуди мушкилӣ мадридиҳо тавонистанд, ки аввалин шуда ҳисобро кушоянд. Криштиану Роналду дар дақиқаи 28-ум дарвозаи Чепчуговро сўрох кард ва гумон мерафт, ки ин сўрохӣ бо гузашти вақт калонтару калонтар мешавад.
Умеди мухлисони рус ба Думбия ва Аҳмад Мўсо буд, аммо ҳардуи ин бозигар ин шом маҳорати хуб нишон додан натавонистанд. Баъди он, ки Секу Олисе ба майдон баромад, дар иҷрои вай тамошобинон найрангҳои футболиро дида, дар баробари Роналду, аз доштани чунин бомаҳорате фахр карданд. Маҳз рахнаи хати канори ҷаримагоҳи «Реал» аз ҷониби Секу боис шуд, ки ба дили бозигарони «Реал» оташ афтад.
Ҳама, аз шореҳон сар кардо то мухлисон, борони таънаро тайёр буданд, ки ба сари Понтус Вернблуми шведӣ резанд. Ин мухлиси «Реал», ки дар хатти нимҳимояи ЦСКА бозӣ мекунад, дар дақиқаи 3-юми иловагӣ ҳисобро баробар кард – 1:1.
Акнун, ба ЦСКА лозим аст, ки дар Мадрид ҳам бозии хуб нишон дода, «Реал»-ро аз идомаи муборизаҳо дар Лигаи қаҳрамонҳо маҳрум кунад. Барор!

Мусобиқаҳои муҳими соли 2012

Соли 2012 чун дигар солҳо пур аз ҳодисаву воқеоти варзишӣ хоҳад буд. Дар ин сол як қатор мусобиқаҳои муҳиме баргузор мешаванд, ки бе шубҳа дар ҳаёти варзишии кишвари мо низ таъсир хоҳанд гузошт. Дар зер чанде аз ин маъракаҳои муҳимро пешкаши хонандагон мегардонем.

Ҷоми Иттиҳод
Cоли 2012 бо Ҷоми Иттиҳод оид ба футбол оғоз шуд, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-21) кишварҳои Русия, Украина, Белорус, Латвия, Литва, Эстония, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат карданд. Дастаҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ўзбекистон аз иштирок дар он худдорӣ намуданд. Дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар як гурўҳ бо дастаҳои Белорус, Эрон ва Литва қувва озмуда, бо ду шикаст ва як мусовӣ ҷойи охирро гирифт. Дар вохўриҳои минбаъда даста боз ду мусовӣ карда, дар як бозӣ мағлуб гардида, дар зинаи 11 (ҳамагӣ 12 ҷой) монд. Дар ин мусобиқа дастаҳои Русия ва Белорус ба финал баромаданд, ки аввалӣ ғолиби Ҷоми Иттиҳод-2012 (2:0) гардид.

Аввалин Олимпиадаи зимистонаи наврасон
Нахустин Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон аз 13-ум то 22-юми январ дар шаҳри Инсбруки кишвари Австрия баргузор шуд, ки мутаассифона, варзишгарони навраси тоҷик дар он ширкат накарданд. Дар ин бозиҳо зиёда аз 1000 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола ширкат карданд. Варзишгарони навраси 65 кишвари ҷаҳон барои 63 маҷмўи ҷоизаҳо дар риштаҳои биатлон, бобслей, лижаронӣ, конкитозӣ, рақси рўи ях, сноуборд, хоккей, чанасаворӣ ва фристайл нўҳ рўз рақобат намуданд. Дар ин Бозиҳо аз ҳисоби медалҳо Олмон (8-7-2) якум, Хитой (7-4-4) дуюм ва Австрия (6-4-3) сеюм шуд. Дар Тоҷикистон танҳо як навъи варзиши зимистона — лижаронии кўҳӣ ба роҳ монда шудааст, аммо наврасони мо бояд соҳиби роҳхат мешуданд ва дар мусобиқоти интихобӣ меъёрҳои муқарраршударо бо ҷо меоварданд.

Ҷоми даъвати КФО
Ҷоми даъвати КФО оид ба футбол аз 8-ум то 19-уми март дар пойтахти Непал — шаҳри Катманду барпо мегардад. Ғолиби ин сабқат ба даври финалии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурўҳи «В» шомил шуд ва бо дастаҳои миллии Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат хоҳад кард. Дар гурўҳи “А” Туркманистон, Непал, Молдив ва Фаластин ҳарифанд. Ин мусобиқа дар минтақа барои кишварҳое, ки футбол хуб рушд накардааст, пешбинӣ шудааст.

Рақси рўи ях
Аз 26-уми март то 1-уми апрел дар шаҳри Нтисаи Фаронса яке аз намудҳои зебои варзиш – рақси мавзуни рўйи ях доир мегардад. Маълум, ки дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон касе ширкат нахоҳад кард, зеро чунин варзишгарон дар кишвари мо нестанд. Умед аст, ки дар солҳои минбаъда шароит барои варзишгарони мо пайдо мешавад. Ҳоло дар маркази пойтахт барои дўстдорони ин намуд майдони рақс амал мекунад, ки шояд барои пайдо шудани варзишгарони касбӣ заминае шавад.

Мусобиқаи чавгонбозӣ
Мусобиқоти ҷаҳон оид ба чавгонбозӣ аз 4 то 20-уми май маротибаи аввал дар ду мамлакат – Финланд ва Шведсия баргузор мешавад. Дар он 13 даста аз Аврупо – Белорус, Олмон, Дания, Италия, Латвия, Норвегия, Русия, Словакия, Финлянд, Фаронса, Чехия, Швейсария, Шведсия, 2 даста аз Америкаи Шимолӣ – Канада, ИМА ва аз Осиё ҳамагӣ як даста – Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.

Лигаи Аврупо оид ба футбол
9-уми май дар Бухарести Руминия финали Лигаи Аврупо оид ба футбол доир мегардад. Аз 16-уми феврал даври 1\16 финали ин мусобиқа оғоз мешавад ва вохўриҳои ҷавобӣ рўзи 23.02 идома меёбанд. Дар даври 1\16 финал ин дастаҳо бо ҳам вомехўранд: «Порту» (Португалия) — «Манчестер Сити» (Англия), «Аякс» (Нидерланд) — «Манчестер Юнайтед» (Англия), «Локомотив» (Русия) — «Атлетик» (Испания), «Залсбург» (Австрия) — «Металлист» (Украина), «Сток Сити» (Англия) — «Валенсия» (Испания), «Рубин» (Русия) — «Олимпиакос» (Юнон), АЗ (Нидерланд) — «Андерлехт» (Белгия), «Латсио» (Италия) — «Атлетико» (Испания), «Стяуа» (Руминия) — «Твенте» (Нидерланд), «Виктория» (Чехия) — «Шалке» (Олмон), «Висла» (Лаҳистон) — «Стандард» (Белгия), «Брага» (Португалия) — «Бешикташ» (Туркия), «Удинезе» (Италия) — ПАОК (Юнон), «Трабзонспор» (Туркия) — ПСВ (Нидерланд), «Ганновер» (Олмон) — «Брюгге» (Белгия), «Спортинг» (Португалия) — «Легия» (Лаҳистон)

Шоҳмотбозӣ дар Маскав
Аз 10 то 31-уми май дар шаҳри Маскав мусобиқоти ҷаҳон барои мушарраф шудан ба унвони қаҳрамони ҷаҳон баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа барандаи ҳозираи унвони қаҳрамони ҷаҳон ҳинду Вишванатан Ананд бо ғолиби мусобиқаи талабгорон исроилӣ Борис Гелфанд қувва месанҷад. Хазинаи ҷоизавии вохўрӣ 2,55 миллион доллар аст.

Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо
Мухлисони футбол метавонанд, ки 19-уми май финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо оид ба футболро тамошо кунанд. Маркази баргузории ин мусобиқа шаҳри Мюнхени Олмон аст. То ин ин вақт рўзҳои 14\15 ва 21\22-юми феврал вохўриҳои 1\8 финал доир мешаванд. Вохўриҳои ҷавобӣ рўзҳои 6\7 ва 13\14-уми март дар назар аст. Дар 1\8 финал дастаҳои зер бо ҳам бозӣ мекунанд: «Лион» (Фаронса) — АПОЭЛ (Кипр), «Наполи» (Италия) — «Челси» (Англия), «Милан» (Италия) — «Арсенал» (Англия), «Базел» (Швейсария) — «Бавария» (Олмон), «Байер» (Олмон) — «Барселона» (Испания), ЦСКА (Русия) — «Реал» (Испания), «Зенит» (Русия) — «Бенфика» (Португалия), «Марсел» (Фаронса) — «Интер» (Италия).

ЕВРО-2012
Тобистони имсол барои дўстдорони футбол гарм меояд, зеро аз 8-уми июн то 1-уми июл дар кишварҳои Украина ва Лаҳистон (Полша) чемпионати Аврупо оид ба футбол дар назар аст. Қуръакашӣ дастаҳоро ба гурўҳҳои зер ҷудо кард:
Гурўҳи А: Лаҳистон, Юнон, Русия, Чехия.
Гурўҳи В: Голландия, Дания, Олмон, Португалия.
Гурўҳи С: Испания, Италия, Ирландия, Хорватия.
Гурўҳи D: Украина, Шведсия, Фаронса, Англия.
Бозии аввалин байни дастаҳои Лаҳистон ва Юнон сурат мегирад.

Бозиҳои олимпии Лондон
Бозиҳои ХХХ-юми тобистонаи олимпӣ аз 27-уми июл то 12-уми август дар Лондони Британияи Кабир баргузор мешаванд. Аз Тоҷикистон чор варзишгар ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд. Инҳо гурзандоз Дилшод Назаров, боксчӣ Анвар Юнусов, таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов мебошанд. Барои кишвари мо боз 2 роҳхат барои шиноварон ва 1 роҳхат барои варзиши сабук чун «тўҳфа» ҷудо шудааст.

Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футболи хурд
Ҷоми 7-уми ҷаҳон оид ба футболи хурд аз 2 то 18-уми ноябр дар шаҳрҳои Бангкок, Чиангмай, Пхукет ва Накхонратчасимаи Тайланд доир мешавад. FIFA маротибаи дуюм аст, ки дар ин мусобиқа шумораи иштирокчиёни финалро афзун мекунад. Ин навбат дар мусобиқа 24 даста (пештар 20) – 5 даста аз Осиё, 3 аз Африқо, 7 аз Аврупо, 1 аз минтақаи Океания, 4 аз Америкаи Шимолӣ, Марказӣ ва минтақаи Кариб, 4 аз Америкаи Ҷанубӣ иштирок мекунанд. Маълум, ки шогирдони Дамир Камолиддиновро дар ин маърака алҳол ҷой нест.

Шиноварӣ дар Истамбул
Солро шиноварӣ ҷамъбаст хоҳад кард. 12-уми декабр дар Истамбули Туркия мусобиқаи ҷаҳон оид шиноварӣ дар масофаи кўтоҳ доир мегардад. Шиноварӣ дар масофаи 25 метр мешавад, ки даври 11-ум ба шумор меравад. Бунёди ҳавзҳои шиноварии ҷавобгўи талаботи байналхалқӣ дар минтақҳои кишвари мо умед бар он медиҳад, ки варзишгарони мо дар даврҳои минбаъади чунин мусобиқаҳо ширкат хоҳанд кард. Имсол фақат бо тамошои он иктифо хоҳем кард.

Нокомии тоҷикон дар Ҷоми Иттиҳод-2012

Нокомии тоҷикон дар Ҷоми Иттиҳод-2012

Аслан соли 1993 Ҷоми Иттиҳодро барои чӣ фикр карданд? Аз доир намудани он чӣ мехостанд? Аввалтар аз ҳама мақсад ин буд, ки мардум вохўрии байни дастаҳои қаҳрамони мамлакатҳои навтаъсиси ИДМ-ро тамошо кунанд. Дигар ин, ки чиновникҳои федератсияҳо ва одамони калон аз FIFA ва UEFA бо ҳам вохуранду дар бораи кору бор аз таҳти дил сўҳбат кунанд. Ҳамин хел ҷамъ шуданду бозӣ карданду дар бораи масъалаҳои гуногун гуфтушунидҳо шуд. Дар аввал клубҳои украинӣ аз иштирок дар он даст кашиданд. «Спартак» аз Маскави Русия ғолиби аввалини ин мусобиқа шуд, ки солҳои аввал ин ҷоизаро аз даст намедод. Баъд клуби «Динамо» аз Киев дастоварди «Спартак»-ро такрор намуда, се сол пай дар пай қаҳрамон шуд. Дар асри нав тақдири мусобиқа хеле бад шуд. Сол то сол он шукўҳ ва қурби худро аз даст медод. Ба мусобиқа ҳамроҳ шудани дастаҳои маъруф ҳам дигар ба он шаҳомат намовард, зеро азимдастаҳо ҳайатҳои дуюм ва бозигарони эҳтиётиро ба ин мусобиқа меоварданд. Ситораҳо нестанд — шавқ ҳам нест. Ин буд, ки бо гузашти вақт қурби мусобиқа паст шуд. Сатҳи иштирокчиён ба талабот ҷавоб намедод. Масалан, соли 2010 «Рубин» бо ҳайати дуюмаш ғолиби ин мусобиқа шуд. Барои дастаҳои кишварҳои осиёӣ ин мусобиқа як майдони санҷиши қувва буд. Дар ҳамин сол Тоҷикистонро дар Ҷоми Иттиҳод «Вахш»-и Қурғонтеппа намояндагӣ кард, ки дар гурўҳи худ ҳамагӣ дар як бозӣ мусовӣ карда, ҷойи охирро гирифт. Муқоиса: дастаҳои русӣ бо ҳайатҳои дуюм ғолиби мусобиқа мешаванду қаҳрамонҳои чемпионати мо наметавонанд, ки ақаллан як ғалаба ба даст оранд.
Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 8 маротиба клуби «Регар ТадАЗ» ширкат кардааст, ки аввалин дастаи иштирокчӣ аз кишвари мост. Ин даста танҳо соли 2009 бо ба даст овардани 4 хол ба даври дигар гузашт дар чорякфинал дастаи қаҳрамони Тоҷикистон аз дастаи «Интер»-и Боку (Озарбойҷон) бо ҳисоби 0:2 шикаст хўрд. Дастаҳои «Варзоб» ва «Вахш» семаротибаӣ дар ин мусобиқа буданд. «Варзоб» соли 2000 дар гурўҳи худ 7 хол гирифта ба даври чорякфинал баромад. Ин дастаҳо аз ин зиёд дигар дастоварде надоранд. Дастаи «Ситора» ду мавсим қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки дар ин мусобиқа аз вохўриҳои гурўҳӣ боло нашуд. Соли 1996 КМВА «Помир» дар Ҷоми Иттиҳод ширкат карда, дар як бозӣ ғолиб омад, соли баъдӣ дастаи «Динамо»-и Душанбе ба ин мусобиқа рафт, аммо ноком шуд. Соли гузашта ба Ҷоми қаҳрамонҳои ИДМ дастаи қаҳрамони чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе рафт. Даста дар гурўҳи худ 4 хол гирифта, ба 1\4 финал баромад. Бисёриҳо мегуфтанд, ки ин дастоварди хуб барои футболи тоҷик аст, аммо касе намегуфт, ки «Истиқлол» кадом дастаҳоро шикаст дод. Ин дастаи «Нефтчӣ» аз Боку буд, ки тоҷикистониён ба дарвозааш 5 гол заданд. Ҳамин як ғалаба дастаро ба даври дигар баровард, аммо дар чорякфинал «Истиқлол» бо ҳисоби 0:2 бозиро бар дастаи «Сконто» аз Латвия бохт.
Соли гузашта бо душворӣ дастаҳои қаҳрамони баъзе аз кишварҳоро розӣ кунониданд. Бисёриҳо рўирост рад карданд: ба мусобиқае, ки ҳайатҳои дуюм бозӣ мекунанд, бурдани даста бемаънигист. Зеро на ҳар клуб маблағи бисёр дорад, ки онро барои даста дар ҳар вақте хоҳад сарф кунад. Ҳатто хазинаи мукофоти соли гузашта, ки ба маблагӣ 1 миллион доллар буд, диққати дастаҳо азимро ҷалб накард ва на ҳама бо тамоми майлу қувва бозӣ карданд. Ҳамин буд, ки мусобиқаи Ҷоми қаҳрамонҳои Иттиҳод мурд.
Ба ҷойи он чӣ мусобиқае тавлид шуд? Шояд гўед, ки аз номи мусобиқа танҳо калимаи «қаҳрамонҳо» партофта шуду дигар чизе тағйир наёфтааст? Зеро дигар ба он дастаҳои қаҳрамон даъват намешаванд? Умед аст, ки он чун солҳои гузашта намешавад, чунки дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби на танҳо собиқ давлатҳои шўравӣ, балки берун аз он ҳам иштирок кардан метавонанд. Бозигарони эронӣ ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, хоҳиши дар ин мусобиқа ширкат карданро намуданд.
Имсол ба мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-21) даъват шуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шогирдони Салоҳиддин Ғафуров намояндагӣ карданд, ки сарварии ҳайатро ноиби аввали президенти ФФТ Валерий Турсунов ба ўҳда дошт.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-21):
Дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Парвоз»), Саид Саидраҳмонов («Равшан»).
Муҳофизатгарон: Эраҷ Раҷабов («Истиқлол»), Сиёвуш Асроров, Наим Ўлмасов, Комрони Мирзохон (ҳама аз «Вахш»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Аҳтам Назаров («Энергетик»).
Ниммуҳофизатгарон: Самад Шоҳзуҳуров, Бахтиёр Чориев (ҳарду аз «Энергетик»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фирўз Бобиев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев, Умед Шарипов, Бахтиёр Қаландаров (ҳама аз «Вахш»), Расул Пайзов («Регар ТадАЗ»).
Ҳуҷумкунандаҳо: Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Наврўз Рустамов («Равшан»), Даврон Тўхтасунов («Регар ТадАЗ»).
Дастаи кишвари мо дар як гурўҳ бо дастаҳои Литва, Белорус ва Эрон бозӣ кард. Ҷавонони тоҷик дар вохўрии аввал бо бозигарони Литва мусовӣ (0:0) карданд. Сармураббӣ аз ин натиҷа изҳори қаноатмандӣ кард. Дар бозии дуюм даста бо яке аз ҷавонони Белорус (U-19) қувва озмуд. Дар ин вохўрӣ ҳарифон, ки аз рўи баъзе аз маълумотҳо то 19-солаанд, ба дарвозаи дастаи мо 2 гол заданд. Капитани тоҷикон Фатҳулло Фатҳуллоев натавонист, ки аз ўҳдаи задани пеналтӣ барояд. Сармураббӣ дар охири бозӣ гуфт, ки дар ин мусобиқа дар назди дастааш ҳеҷ хел вазифае гузошта нашуда буд. «Мақсади мо ба бозигарони ҳайати асосӣ додани имконияти бештари таҷрибаандўзӣ аст», — гуфт Ғафуров.
Бозии сеюм барои футболбозони мо ҳалкунанда буд. Дар сурати ғалаба бар Эрон бо ҳисоби 2:0 даста метавонист, ки ба даври якчорфинал барояд. Бозигарони мо аз ўҳдаи гол задан набаромада бошанд ҳам, «маҳорат» нишон дода ба дарвозаи худ 5 голи беҷавоб сар доданд.
Дар ин гурўҳ бозигарони Эрон, ки ду ғалаба ва як мусовӣ карданд, дар зинаи аввал қарор гирифтанд. Литва бо бартарии ғалаба бар Белорус зинаи дуюмро соҳиб шуд. Белорус ҳам бо 4 хол ба даври дигар баромад.
Дастаи Тоҷикистон, ки зинаи охирро гирифт, дар як гурўҳ бо дастаҳои Туркманистон, Қирғизистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-12 мубориза хоҳад бурд. Вохўриҳо то охири моҳи январ идома меёбанд.
Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони кишварҳои Русия, Украина, Белорус, Латвия, Литва, Эстония, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат доранд. Дастаҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ўзбекистон аз иштирок дар он худдорӣ намуданд. Имсол ҳам Русия ба мусобиқа ҳайати захиравии ҷавононро овард, аммо маълум, ки сатҳи бозии даста нисбат ба дастаҳои дигар беҳтар аст. Ҳарчанд дар бозии сеюм русҳо бо дастаи Туркманистон мусовӣ (0:0) карданд, ин нишондиҳандаи сатҳи баланди дастаи осиёӣ нест, балки барои Русия натиҷаи мусовӣ дар ин вохўрӣ басанда буд.
Ба ҳар ҳол ширкати дастаҳои мо дар чунин вохўиҳо бар нафъи кор аст, то таҷриба андўзанд ва барояшон дар мусобиқаҳои ҷиддитаре зарур ояд.

Суратхо

Ман баъзан кор хам мекунам

Ман баъзан кор хам мекунам

Ва бисёр вакт истирохат хам мекунам

Ва бисёр вакт истирохат хам мекунам

Бехтарин чои истирохат Кули калон аст

Бехтарин чои истирохат Кули калон аст

Бехтарин чои кор Хитой аст

Бехтарин чои кор Хитой аст