Мусобиқаҳои муҳими соли 2012

Соли 2012 чун дигар солҳо пур аз ҳодисаву воқеоти варзишӣ хоҳад буд. Дар ин сол як қатор мусобиқаҳои муҳиме баргузор мешаванд, ки бе шубҳа дар ҳаёти варзишии кишвари мо низ таъсир хоҳанд гузошт. Дар зер чанде аз ин маъракаҳои муҳимро пешкаши хонандагон мегардонем.

Ҷоми Иттиҳод
Cоли 2012 бо Ҷоми Иттиҳод оид ба футбол оғоз шуд, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-21) кишварҳои Русия, Украина, Белорус, Латвия, Литва, Эстония, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат карданд. Дастаҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ўзбекистон аз иштирок дар он худдорӣ намуданд. Дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар як гурўҳ бо дастаҳои Белорус, Эрон ва Литва қувва озмуда, бо ду шикаст ва як мусовӣ ҷойи охирро гирифт. Дар вохўриҳои минбаъда даста боз ду мусовӣ карда, дар як бозӣ мағлуб гардида, дар зинаи 11 (ҳамагӣ 12 ҷой) монд. Дар ин мусобиқа дастаҳои Русия ва Белорус ба финал баромаданд, ки аввалӣ ғолиби Ҷоми Иттиҳод-2012 (2:0) гардид.

Аввалин Олимпиадаи зимистонаи наврасон
Нахустин Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон аз 13-ум то 22-юми январ дар шаҳри Инсбруки кишвари Австрия баргузор шуд, ки мутаассифона, варзишгарони навраси тоҷик дар он ширкат накарданд. Дар ин бозиҳо зиёда аз 1000 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола ширкат карданд. Варзишгарони навраси 65 кишвари ҷаҳон барои 63 маҷмўи ҷоизаҳо дар риштаҳои биатлон, бобслей, лижаронӣ, конкитозӣ, рақси рўи ях, сноуборд, хоккей, чанасаворӣ ва фристайл нўҳ рўз рақобат намуданд. Дар ин Бозиҳо аз ҳисоби медалҳо Олмон (8-7-2) якум, Хитой (7-4-4) дуюм ва Австрия (6-4-3) сеюм шуд. Дар Тоҷикистон танҳо як навъи варзиши зимистона — лижаронии кўҳӣ ба роҳ монда шудааст, аммо наврасони мо бояд соҳиби роҳхат мешуданд ва дар мусобиқоти интихобӣ меъёрҳои муқарраршударо бо ҷо меоварданд.

Ҷоми даъвати КФО
Ҷоми даъвати КФО оид ба футбол аз 8-ум то 19-уми март дар пойтахти Непал — шаҳри Катманду барпо мегардад. Ғолиби ин сабқат ба даври финалии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурўҳи «В» шомил шуд ва бо дастаҳои миллии Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат хоҳад кард. Дар гурўҳи “А” Туркманистон, Непал, Молдив ва Фаластин ҳарифанд. Ин мусобиқа дар минтақа барои кишварҳое, ки футбол хуб рушд накардааст, пешбинӣ шудааст.

Рақси рўи ях
Аз 26-уми март то 1-уми апрел дар шаҳри Нтисаи Фаронса яке аз намудҳои зебои варзиш – рақси мавзуни рўйи ях доир мегардад. Маълум, ки дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон касе ширкат нахоҳад кард, зеро чунин варзишгарон дар кишвари мо нестанд. Умед аст, ки дар солҳои минбаъда шароит барои варзишгарони мо пайдо мешавад. Ҳоло дар маркази пойтахт барои дўстдорони ин намуд майдони рақс амал мекунад, ки шояд барои пайдо шудани варзишгарони касбӣ заминае шавад.

Мусобиқаи чавгонбозӣ
Мусобиқоти ҷаҳон оид ба чавгонбозӣ аз 4 то 20-уми май маротибаи аввал дар ду мамлакат – Финланд ва Шведсия баргузор мешавад. Дар он 13 даста аз Аврупо – Белорус, Олмон, Дания, Италия, Латвия, Норвегия, Русия, Словакия, Финлянд, Фаронса, Чехия, Швейсария, Шведсия, 2 даста аз Америкаи Шимолӣ – Канада, ИМА ва аз Осиё ҳамагӣ як даста – Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.

Лигаи Аврупо оид ба футбол
9-уми май дар Бухарести Руминия финали Лигаи Аврупо оид ба футбол доир мегардад. Аз 16-уми феврал даври 1\16 финали ин мусобиқа оғоз мешавад ва вохўриҳои ҷавобӣ рўзи 23.02 идома меёбанд. Дар даври 1\16 финал ин дастаҳо бо ҳам вомехўранд: «Порту» (Португалия) — «Манчестер Сити» (Англия), «Аякс» (Нидерланд) — «Манчестер Юнайтед» (Англия), «Локомотив» (Русия) — «Атлетик» (Испания), «Залсбург» (Австрия) — «Металлист» (Украина), «Сток Сити» (Англия) — «Валенсия» (Испания), «Рубин» (Русия) — «Олимпиакос» (Юнон), АЗ (Нидерланд) — «Андерлехт» (Белгия), «Латсио» (Италия) — «Атлетико» (Испания), «Стяуа» (Руминия) — «Твенте» (Нидерланд), «Виктория» (Чехия) — «Шалке» (Олмон), «Висла» (Лаҳистон) — «Стандард» (Белгия), «Брага» (Португалия) — «Бешикташ» (Туркия), «Удинезе» (Италия) — ПАОК (Юнон), «Трабзонспор» (Туркия) — ПСВ (Нидерланд), «Ганновер» (Олмон) — «Брюгге» (Белгия), «Спортинг» (Португалия) — «Легия» (Лаҳистон)

Шоҳмотбозӣ дар Маскав
Аз 10 то 31-уми май дар шаҳри Маскав мусобиқоти ҷаҳон барои мушарраф шудан ба унвони қаҳрамони ҷаҳон баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа барандаи ҳозираи унвони қаҳрамони ҷаҳон ҳинду Вишванатан Ананд бо ғолиби мусобиқаи талабгорон исроилӣ Борис Гелфанд қувва месанҷад. Хазинаи ҷоизавии вохўрӣ 2,55 миллион доллар аст.

Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо
Мухлисони футбол метавонанд, ки 19-уми май финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо оид ба футболро тамошо кунанд. Маркази баргузории ин мусобиқа шаҳри Мюнхени Олмон аст. То ин ин вақт рўзҳои 14\15 ва 21\22-юми феврал вохўриҳои 1\8 финал доир мешаванд. Вохўриҳои ҷавобӣ рўзҳои 6\7 ва 13\14-уми март дар назар аст. Дар 1\8 финал дастаҳои зер бо ҳам бозӣ мекунанд: «Лион» (Фаронса) — АПОЭЛ (Кипр), «Наполи» (Италия) — «Челси» (Англия), «Милан» (Италия) — «Арсенал» (Англия), «Базел» (Швейсария) — «Бавария» (Олмон), «Байер» (Олмон) — «Барселона» (Испания), ЦСКА (Русия) — «Реал» (Испания), «Зенит» (Русия) — «Бенфика» (Португалия), «Марсел» (Фаронса) — «Интер» (Италия).

ЕВРО-2012
Тобистони имсол барои дўстдорони футбол гарм меояд, зеро аз 8-уми июн то 1-уми июл дар кишварҳои Украина ва Лаҳистон (Полша) чемпионати Аврупо оид ба футбол дар назар аст. Қуръакашӣ дастаҳоро ба гурўҳҳои зер ҷудо кард:
Гурўҳи А: Лаҳистон, Юнон, Русия, Чехия.
Гурўҳи В: Голландия, Дания, Олмон, Португалия.
Гурўҳи С: Испания, Италия, Ирландия, Хорватия.
Гурўҳи D: Украина, Шведсия, Фаронса, Англия.
Бозии аввалин байни дастаҳои Лаҳистон ва Юнон сурат мегирад.

Бозиҳои олимпии Лондон
Бозиҳои ХХХ-юми тобистонаи олимпӣ аз 27-уми июл то 12-уми август дар Лондони Британияи Кабир баргузор мешаванд. Аз Тоҷикистон чор варзишгар ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд. Инҳо гурзандоз Дилшод Назаров, боксчӣ Анвар Юнусов, таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов мебошанд. Барои кишвари мо боз 2 роҳхат барои шиноварон ва 1 роҳхат барои варзиши сабук чун «тўҳфа» ҷудо шудааст.

Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футболи хурд
Ҷоми 7-уми ҷаҳон оид ба футболи хурд аз 2 то 18-уми ноябр дар шаҳрҳои Бангкок, Чиангмай, Пхукет ва Накхонратчасимаи Тайланд доир мешавад. FIFA маротибаи дуюм аст, ки дар ин мусобиқа шумораи иштирокчиёни финалро афзун мекунад. Ин навбат дар мусобиқа 24 даста (пештар 20) – 5 даста аз Осиё, 3 аз Африқо, 7 аз Аврупо, 1 аз минтақаи Океания, 4 аз Америкаи Шимолӣ, Марказӣ ва минтақаи Кариб, 4 аз Америкаи Ҷанубӣ иштирок мекунанд. Маълум, ки шогирдони Дамир Камолиддиновро дар ин маърака алҳол ҷой нест.

Шиноварӣ дар Истамбул
Солро шиноварӣ ҷамъбаст хоҳад кард. 12-уми декабр дар Истамбули Туркия мусобиқаи ҷаҳон оид шиноварӣ дар масофаи кўтоҳ доир мегардад. Шиноварӣ дар масофаи 25 метр мешавад, ки даври 11-ум ба шумор меравад. Бунёди ҳавзҳои шиноварии ҷавобгўи талаботи байналхалқӣ дар минтақҳои кишвари мо умед бар он медиҳад, ки варзишгарони мо дар даврҳои минбаъади чунин мусобиқаҳо ширкат хоҳанд кард. Имсол фақат бо тамошои он иктифо хоҳем кард.

Оставить комментарий