Нокомии тоҷикон дар Ҷоми Иттиҳод-2012

Нокомии тоҷикон дар Ҷоми Иттиҳод-2012

Аслан соли 1993 Ҷоми Иттиҳодро барои чӣ фикр карданд? Аз доир намудани он чӣ мехостанд? Аввалтар аз ҳама мақсад ин буд, ки мардум вохўрии байни дастаҳои қаҳрамони мамлакатҳои навтаъсиси ИДМ-ро тамошо кунанд. Дигар ин, ки чиновникҳои федератсияҳо ва одамони калон аз FIFA ва UEFA бо ҳам вохуранду дар бораи кору бор аз таҳти дил сўҳбат кунанд. Ҳамин хел ҷамъ шуданду бозӣ карданду дар бораи масъалаҳои гуногун гуфтушунидҳо шуд. Дар аввал клубҳои украинӣ аз иштирок дар он даст кашиданд. «Спартак» аз Маскави Русия ғолиби аввалини ин мусобиқа шуд, ки солҳои аввал ин ҷоизаро аз даст намедод. Баъд клуби «Динамо» аз Киев дастоварди «Спартак»-ро такрор намуда, се сол пай дар пай қаҳрамон шуд. Дар асри нав тақдири мусобиқа хеле бад шуд. Сол то сол он шукўҳ ва қурби худро аз даст медод. Ба мусобиқа ҳамроҳ шудани дастаҳои маъруф ҳам дигар ба он шаҳомат намовард, зеро азимдастаҳо ҳайатҳои дуюм ва бозигарони эҳтиётиро ба ин мусобиқа меоварданд. Ситораҳо нестанд — шавқ ҳам нест. Ин буд, ки бо гузашти вақт қурби мусобиқа паст шуд. Сатҳи иштирокчиён ба талабот ҷавоб намедод. Масалан, соли 2010 «Рубин» бо ҳайати дуюмаш ғолиби ин мусобиқа шуд. Барои дастаҳои кишварҳои осиёӣ ин мусобиқа як майдони санҷиши қувва буд. Дар ҳамин сол Тоҷикистонро дар Ҷоми Иттиҳод «Вахш»-и Қурғонтеппа намояндагӣ кард, ки дар гурўҳи худ ҳамагӣ дар як бозӣ мусовӣ карда, ҷойи охирро гирифт. Муқоиса: дастаҳои русӣ бо ҳайатҳои дуюм ғолиби мусобиқа мешаванду қаҳрамонҳои чемпионати мо наметавонанд, ки ақаллан як ғалаба ба даст оранд.
Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 8 маротиба клуби «Регар ТадАЗ» ширкат кардааст, ки аввалин дастаи иштирокчӣ аз кишвари мост. Ин даста танҳо соли 2009 бо ба даст овардани 4 хол ба даври дигар гузашт дар чорякфинал дастаи қаҳрамони Тоҷикистон аз дастаи «Интер»-и Боку (Озарбойҷон) бо ҳисоби 0:2 шикаст хўрд. Дастаҳои «Варзоб» ва «Вахш» семаротибаӣ дар ин мусобиқа буданд. «Варзоб» соли 2000 дар гурўҳи худ 7 хол гирифта ба даври чорякфинал баромад. Ин дастаҳо аз ин зиёд дигар дастоварде надоранд. Дастаи «Ситора» ду мавсим қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки дар ин мусобиқа аз вохўриҳои гурўҳӣ боло нашуд. Соли 1996 КМВА «Помир» дар Ҷоми Иттиҳод ширкат карда, дар як бозӣ ғолиб омад, соли баъдӣ дастаи «Динамо»-и Душанбе ба ин мусобиқа рафт, аммо ноком шуд. Соли гузашта ба Ҷоми қаҳрамонҳои ИДМ дастаи қаҳрамони чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе рафт. Даста дар гурўҳи худ 4 хол гирифта, ба 1\4 финал баромад. Бисёриҳо мегуфтанд, ки ин дастоварди хуб барои футболи тоҷик аст, аммо касе намегуфт, ки «Истиқлол» кадом дастаҳоро шикаст дод. Ин дастаи «Нефтчӣ» аз Боку буд, ки тоҷикистониён ба дарвозааш 5 гол заданд. Ҳамин як ғалаба дастаро ба даври дигар баровард, аммо дар чорякфинал «Истиқлол» бо ҳисоби 0:2 бозиро бар дастаи «Сконто» аз Латвия бохт.
Соли гузашта бо душворӣ дастаҳои қаҳрамони баъзе аз кишварҳоро розӣ кунониданд. Бисёриҳо рўирост рад карданд: ба мусобиқае, ки ҳайатҳои дуюм бозӣ мекунанд, бурдани даста бемаънигист. Зеро на ҳар клуб маблағи бисёр дорад, ки онро барои даста дар ҳар вақте хоҳад сарф кунад. Ҳатто хазинаи мукофоти соли гузашта, ки ба маблагӣ 1 миллион доллар буд, диққати дастаҳо азимро ҷалб накард ва на ҳама бо тамоми майлу қувва бозӣ карданд. Ҳамин буд, ки мусобиқаи Ҷоми қаҳрамонҳои Иттиҳод мурд.
Ба ҷойи он чӣ мусобиқае тавлид шуд? Шояд гўед, ки аз номи мусобиқа танҳо калимаи «қаҳрамонҳо» партофта шуду дигар чизе тағйир наёфтааст? Зеро дигар ба он дастаҳои қаҳрамон даъват намешаванд? Умед аст, ки он чун солҳои гузашта намешавад, чунки дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби на танҳо собиқ давлатҳои шўравӣ, балки берун аз он ҳам иштирок кардан метавонанд. Бозигарони эронӣ ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, хоҳиши дар ин мусобиқа ширкат карданро намуданд.
Имсол ба мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-21) даъват шуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шогирдони Салоҳиддин Ғафуров намояндагӣ карданд, ки сарварии ҳайатро ноиби аввали президенти ФФТ Валерий Турсунов ба ўҳда дошт.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-21):
Дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Парвоз»), Саид Саидраҳмонов («Равшан»).
Муҳофизатгарон: Эраҷ Раҷабов («Истиқлол»), Сиёвуш Асроров, Наим Ўлмасов, Комрони Мирзохон (ҳама аз «Вахш»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Аҳтам Назаров («Энергетик»).
Ниммуҳофизатгарон: Самад Шоҳзуҳуров, Бахтиёр Чориев (ҳарду аз «Энергетик»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фирўз Бобиев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев, Умед Шарипов, Бахтиёр Қаландаров (ҳама аз «Вахш»), Расул Пайзов («Регар ТадАЗ»).
Ҳуҷумкунандаҳо: Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Наврўз Рустамов («Равшан»), Даврон Тўхтасунов («Регар ТадАЗ»).
Дастаи кишвари мо дар як гурўҳ бо дастаҳои Литва, Белорус ва Эрон бозӣ кард. Ҷавонони тоҷик дар вохўрии аввал бо бозигарони Литва мусовӣ (0:0) карданд. Сармураббӣ аз ин натиҷа изҳори қаноатмандӣ кард. Дар бозии дуюм даста бо яке аз ҷавонони Белорус (U-19) қувва озмуд. Дар ин вохўрӣ ҳарифон, ки аз рўи баъзе аз маълумотҳо то 19-солаанд, ба дарвозаи дастаи мо 2 гол заданд. Капитани тоҷикон Фатҳулло Фатҳуллоев натавонист, ки аз ўҳдаи задани пеналтӣ барояд. Сармураббӣ дар охири бозӣ гуфт, ки дар ин мусобиқа дар назди дастааш ҳеҷ хел вазифае гузошта нашуда буд. «Мақсади мо ба бозигарони ҳайати асосӣ додани имконияти бештари таҷрибаандўзӣ аст», — гуфт Ғафуров.
Бозии сеюм барои футболбозони мо ҳалкунанда буд. Дар сурати ғалаба бар Эрон бо ҳисоби 2:0 даста метавонист, ки ба даври якчорфинал барояд. Бозигарони мо аз ўҳдаи гол задан набаромада бошанд ҳам, «маҳорат» нишон дода ба дарвозаи худ 5 голи беҷавоб сар доданд.
Дар ин гурўҳ бозигарони Эрон, ки ду ғалаба ва як мусовӣ карданд, дар зинаи аввал қарор гирифтанд. Литва бо бартарии ғалаба бар Белорус зинаи дуюмро соҳиб шуд. Белорус ҳам бо 4 хол ба даври дигар баромад.
Дастаи Тоҷикистон, ки зинаи охирро гирифт, дар як гурўҳ бо дастаҳои Туркманистон, Қирғизистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-12 мубориза хоҳад бурд. Вохўриҳо то охири моҳи январ идома меёбанд.
Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони кишварҳои Русия, Украина, Белорус, Латвия, Литва, Эстония, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат доранд. Дастаҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ўзбекистон аз иштирок дар он худдорӣ намуданд. Имсол ҳам Русия ба мусобиқа ҳайати захиравии ҷавононро овард, аммо маълум, ки сатҳи бозии даста нисбат ба дастаҳои дигар беҳтар аст. Ҳарчанд дар бозии сеюм русҳо бо дастаи Туркманистон мусовӣ (0:0) карданд, ин нишондиҳандаи сатҳи баланди дастаи осиёӣ нест, балки барои Русия натиҷаи мусовӣ дар ин вохўрӣ басанда буд.
Ба ҳар ҳол ширкати дастаҳои мо дар чунин вохўиҳо бар нафъи кор аст, то таҷриба андўзанд ва барояшон дар мусобиқаҳои ҷиддитаре зарур ояд.

Оставить комментарий